Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макфоул сафири Амрико дар Русия мешавад


Раисиҷумҳури Амрико, Барк Обама, нақша дорад, Майкл Макфоул, мушовиири аршади худро дар умури Русия, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Русмия таъин кунад. Макфоули 47-сола, мудири аршади умури Русия ва Авруосиё дар Шӯрои амнияти миллӣ дар мақоми сафири Амрико дар Русия, Ҷон Бейлро иваз мекунад. Вай, ки дари гузашта устоди Донишгоҳи Станфорд будааст, таҷрибаи дипломатӣ надорад, аммо аз тарроҳои пешгоми оғози нави муносибатҳои Амрико бо Русия мебошад. Макфоул ҳамчунин аз мунтақидони сиёсати Владимир Путин дар саркӯби мухолифон дар Русия аст.
XS
SM
MD
LG