Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисобот дар нишасти нахустини саҳҳомони Роғун


Роғун дар сурати бунёд, қодир ба тавлиди 14 миллиард киловат соат нерӯи барқ хоҳад буд.
Роғун дар сурати бунёд, қодир ба тавлиди 14 миллиард киловат соат нерӯи барқ хоҳад буд.
Дар нахустин нишасти солонаи саҳҳомони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, гуфтанд, ки чӣ қадар барои ин нерӯгоҳ пул ҷамъ карда ва чӣ қадар сарф кардаанд. Нодир Одилов, раиси Кумиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати харҷи маблағҳои Роғун, дар нишаст гуфт, тайи соли гузашта ба ҳисоби Роғун бештар 830 миллион сомонӣ ё бештар аз 200 миллион доллар ворид шудааст. Ӯ доир ба хароҷоти маблағҳо дар сохтмони Роғун афзуд: “Дар маҷмӯъ аз ҳисоби ин маблағҳо, то 31-уми декабри соли 2010, барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 202 миллиону 251 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.“ Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки роҳи наҷот аз бебарқӣ аст, бештар аз 3 миллиард доллар ниёз дорад ва соли 2010 бо фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба ҷалби маблағҳои мардумӣ шурӯъ кард.
XS
SM
MD
LG