Ин ниҳоди расмӣ гуфт, агар бар пояи натоиҷи саршумори аҳолӣ дар соли 1999 ҷамъияти Тоҷикистон 6 миллиону 127 ҳазор нафар буд, ин рақам дар соли 2010 ба 7 миллиону 665 ҳазор нафар расидааст.
Аммо гуфта мешавад, баробари афзоиши аҳолӣ болоравии рӯзафзуни нархҳо зиндагии мардумро боз ҳам печидатар ва вазъи демографиро боз ҳам танг кардааст.
Агар даҳ сол қабл дар гирди дастурхони холаи Роҳила танҳо худашу шавҳараш менишастанд, ҳоло ба ҷуз фарзандонаш наберагонаш низ талош мекунанд, ки гӯшае аз ин дастархони кӯчакро ихтиёр намоянд.
Холаи Роҳила ба наберагонаш ишора карда мегӯяд, музди кораш ӯ ва фарзандонашро қонеъ намекунад ва ҳоло чанд фарзандаш дар ин фикранд, ки чӣ гуна ба Русия раванд.
"Мо даҳ сол пеш танҳо бо шавҳарам зиндагӣ мекардем. Ҳоло се келин овардам ва боз як духтарам аз шавҳараш ҷудо шуда ба хонаи мо омадааст. 200 сомоние, ки аз ҷои кор мегирам, ҳеҷ суде надорад. Як халта орд 150 сомонӣ аст. Ҳоло бачаҳоям кӯшиш доранд, ки қарз гирифта, ба Русия раванд", -- афзуд ӯ.
Дар сӯҳбат бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии ин кишвар рӯшан мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон барномаи ҷиддӣ ва мушаххасе, ки масоили демографиро танзим кунад, надорад ва агар бошад ҳам, ҳамон таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад.
Ба қавли раиси Оҷонсии давлатии ҳифзи аҳолӣ ва муҳоҷират, Нурулло Маҳмадуллоев, бо назардошти болоравии мизони ҷамъияти Тоҷикистон "Барномаи мусоидат ба ҳифзи аҳолӣ" рӯи даст гирифта шудааст, ки маҳз ба масъалаи демография марбут аст.
Ӯ гуфт: "Мо чандин барномаҳое дорем, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ тайи даҳсолаҳои ахир рӯи даст гирифта шудаанд. Ҳар сол мувофиқ ба ин барномаҳои мо беш аз 100 ҳазор ҷои кор фароҳам оварда, масъалаи таъмини маъюбон бо ҷои кор низ ба назар гирифта мешавад. Яке аз барномаҳои дигар танзими муҳоҷирати дохилии кишвар мебошад."
Аммо таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ҳанӯз давлати Тоҷикистон ин масъаларо ҳамчун хатари эҳтимолии рух додани садамаи демографӣ дар кишвар дарк накардааст. Ин барномаҳое, ки то кунун иҷро мешаванд ночиз буда, масоилеро, ки ниёзмандиро бо афзоиши аҳолӣ ҳамзамон пеш меорад, фаро намегирад.
Барномаи танзими хонавода дар баробари серфарзандӣ, ки бо ин мақсад ташвиқ мешавад, таъсире нагузоштааст. Вале Махфират Хидирова, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд: "Ин ба масъалаи ҳуқуқи инсон рабт дорад. Роҳи маданӣ ин ташвиқи танзими хонавода мебошад, ки таи чанд соли ахир дар шаҳрҳои Тоҷикистон таъсири мусбат доштаааст. Лекин дар деҳот ҳанӯз хонаводаҳо ба дарки ин масъала нарасидаанд."
Бо ин ҳол, Тоҷикистони фақирро камбуди истеҳсоли маводи мавриди ниёзи мардум ва набуди ҷои кору музди кори муносиб иҷозат намедиҳанд, ки ба мушкили демографии худ дар дохил расидагӣ кунад. Пас аз ин танҳо як роҳ боқӣ мемонад, ки он ҳам муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар мебошад.
Нурулло Маҳмадуллоев, раиси Оҷонси давлатии ҳифзи аҳолӣ ва муҳоҷирати ин кишвар мегӯяд, "воқеан мо пеши роҳи раванди муҳоҷирати корӣ ба хориҷаро гирифта наметавонем. Зеро Тоҷикистон барои чанд соли дигар ҳамчун кишвари содиркунанадаи нерӯи кор боқӣ мемонад."
Агар теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар хориҷ бо шумули ходимони сафоратхонаҳову намояндагиҳои ин кишвар дар давлатҳои хориҷа ба эътибор гирифта шаванд, тақрибан наздики якуним миллион аҳолии Тоҷикистон феълан дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд.
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ҳанӯз давлати Тоҷикистон ин масъаларо ҳамчун хатари эҳтимолии рух додани садамаи демографӣ дар кишвар дарк накардааст...