Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 соат набард барои пойгоҳи Меҳрон дар Карочӣ


Бозмондаҳои ҳавопаймои амрикоии P-3C Orion дар пойгоҳи Меҳрон
Бозмондаҳои ҳавопаймои амрикоии P-3C Orion дар пойгоҳи Меҳрон
Нирӯҳои Покистон назорати пойгоҳи баҳрии Меҳрон дар шаҳри Карочиро баъд аз 16 соати набард дубора ба даст оварданд. Дар ҷараёни задухӯрд барои ин пойгоҳ дастикам 10 сарбоз кушта шудаанд. Вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик гуфт, шумори ҳамлагарон аз 4 то 6 нафар буд ва онҳо шаби якшанбе тавассути зина вориди пойгоҳ шудаанд. Раҳмон Малик гуфт, 4 тан аз ҷангиён кушта шуда, 2 тани боқимонда зоҳиран фирор кардаанд. Масъулияти ҳамла ба пойгоҳи Меҳронро Толибони Покистон бар ӯҳда гирифта, онро бахше аз интиқоми хуни раҳбари кушташудаи Ал-Қоида Усома Бин Лодин хондааст.
XS
SM
MD
LG