Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нино Бурҷанадзе: Мо танҳо аз худ дифоъ мекунем


Нино Бурҷанадзе-раҳбари мухолифони ҳукумати Гурҷистон
Нино Бурҷанадзе-раҳбари мухолифони ҳукумати Гурҷистон
Имрӯз дар Тифлис пойтахти Гурҷистон мухолифони давлати Михаил Саакашвилӣ дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии худ бо кормандони полис заду хурд карданд. Ин кор дар ҳоле рух дод, ки тазоҳуркунандгони зиддиҳукуматӣ дар Тифлис ба таври хушунатбор ба мошине, ки дар дохили он одамон нишаста буданд, ҳамла бурданд ва полис маҷбур шуд ба он дахолат кунад. Нино Бурҷанадзе-раҳбари мухолифон ба радиои Озодӣ гуфт:

“Мо фақат аз худамон дифоъ мекунем. Мо беназмиро оғоз накардаем. Ин кори ҳукмат аст. Мо танҳо аз худамон дифоъ мекунем ва ин ҳақро, ба мо Қонуни Асосӣ медиҳад, мисли бисёре аз қонунҳои дигар. Мардум ҳақ доранд тазоҳурот барпо кунанд”.

Як рӯз пеш аз ин ҳодиса ҳазорон нафар аз мухолифони давлат ба нишонаи эътироз ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва истеъфои Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳурро тақозо карданд. Тазоҳуроти рӯзи шанбе яке аз бузургтарин тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ аз соли 2009 мебошад. Бино ба гузоришҳо, рӯзи шанбе ҳамчунин дар шаҳри соҳилии Батумӣ садҳо нафар бар зидди ҳукумат ба эътироз баромаданд. Раҳбарони мухолифон мегӯянд, дар давоми чанд рӯзи эътирозҳо садҳо нафар фаъолон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG