Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Душанбе консерти нави Муин баргузор мешавад


Имрӯз дар шаҳри Душанбе консерти нави Муин-возхони маҳбуби эронӣ баргузор мешавад. Марҳабо Азизова-масъули барномаи консертии Муин гуфтааст, дар ин сафар овозхони эрониро чаҳор навозандаи гурӯҳаш ҳамроҳӣ доранд. Ба қавли ӯ, ин барномаи консертии Муинро ширкати мобилии "Tcell"-и Тоҷикистон сарпарастӣ мекунад. Ду сол қабл аз ин, дар ҳамин шабу рӯз Муин нахустин консерти худро якҷо бо Фарзонаи Хуршед-овозхони тоҷик, ки ҳоло дар зиндон аст, дар “Кохи Борбад” баргузор карданд.
XS
SM
MD
LG