Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар робита ба таҳаввулоти Ховари Миёна ва шимоли Африқо сухан кард.
Ӯ суханрониро аз муборизаи ИМА бо терроризм дар Афғонистон ва маҳви Усома бин Лоден шурӯъ кард ва сипас ба ҳаводиси Тунис рӯ овард. Қарор аст, ки дар бораи таҳаввулот дар Миср ва Либияву Яману Баҳрайну Сурия низ сӯҳбат кунад.
Як бахши ин суханронӣ ба ироаи кӯмакҳои Амрико ба кишварҳои арабӣ бахшида мешавад. Аз ҷумла, ба иттилоъи Кохи Сафед, Обама ба Мисру Тунис, ки низомҳои худкомаашон бар асари тазоҳуроти мардумӣ суқут намудаанд, кӯмаки иқтисодӣ пешниҳод хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки кӯмаки иқтисодӣ ба Миср тақрибан 2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин аз Бонки аврупоии бозсохт ва рушд даъват хоҳад кард, ки аз ислоҳоти иқтисодӣ дар Ховари Миёна пуштибонӣ кунад.
Дар ин суханронӣ Барак Обама хостори эҳёи музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластин мешавад ва аз ҳукумати Сурия, ки намоишҳои эътирозии мардумиро саркӯб месозад, интиқод кард.