Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбарони қатли "ҷодугарон" дар Ҳиндустон


Дар Ҳиндустон бо иттиҳоми даст доштан дар куштори оммавӣ дар аёлати Ассом тақрибан 20 нафар боздошт шуданд.

Моҳи апрели соли равон дар яке аз мавзеъҳои ин аёлат 11 марду зане кушта шудаанд, ки, бар пояи овозаҳо, ба сеҳру ҷоду машғул буданд.

Мақомоти тафтишот ҳадс мезананд, ҷиноятро гурӯҳи сокинони маҳаллӣ содир намуданд, ки дар ҳама бадбахтиҳои худ ҳамсояҳояшонро айбдор мехонданд.

Гуфта мешавад, ин нахустин ҳодисаи куштори афроди муттаҳам дар сеҳргарӣ дар аёлати Ассом нест.
XS
SM
MD
LG