Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрим пайи таҳрим алайҳи давлати Сурия


Тазоҳуротҳои густурдаи моҳи апрел дар шаҳри Бониёси Сурия
Тазоҳуротҳои густурдаи моҳи апрел дар шаҳри Бониёси Сурия
Давлати Сурия таҳти фишори афзоянда қарор гирифтааст, то саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарони тарафдори демократияро хотима диҳад. Аз ҷумла барои нахустин бор ҳукумати Амрико барои нақзи ҳуқуқи инсон алайҳи Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия таҳрим эъмол кард. Як дипломати аврупоӣ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ҳафтаи оянда таҳримот алайҳи давлати Сурияро бештар хоҳад кард. Давлати Швейтсария гуфт, 13 мақоми Сурияро ба истиснои Башшор Асад аз ҳаққи сафар ба он кишвар маҳрум ва ҳисобҳои онҳоро дар бонкҳои Швейтсари масдуд мекунад. Аз моҳи март то кунун дар ин тазоҳуротҳои Сурия бештар аз 700 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG