Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи хокейи Русия бар дастаи Канада


Дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии хокей дар Братислава дастаи хокейи Русия дастаи Канадаро, ки ҳоло қаҳрамони бозиҳои олимпист бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Имрӯз дастаи Русия бо дастаи Финландия ва дастаи ҷумҳурии Чех бо дастаи Шветсия бозӣ мекунанд. Ин бохти нахустини Канада дар ин бозиҳо мебошад, дар ҳоле, ки дастаи Русия дар бозиҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ ба Олмону Финландия ва Чех бохта буд.
XS
SM
MD
LG