Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як хабарнигори турк дар Қирғизистон


Қирғизистон мегӯяд, як хабарнигори туркро бо иттиҳоми иртиботаш бо як созмони террористии исломӣ дастгир кардааст. Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, Алиусмон Зӯр узви Ҷабҳаи бузурги исломист, ки барои таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ дар саросари Ховари Миёна мубориза мебарад. Бино ба хабарҳо, Алиусмон Зӯр, ки аз соли гузашта дар Қирғизистон ба сар мебурд ва аз Бишкек дархости паноҳандагӣ кардааст, ҳанӯз рӯзи 2 май бо дархости мақомоти Туркия боздошт шудааст. Ӯ ба даъват ба сарнагун кардани давлати Туркия айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG