Пайвандҳои дастрасӣ

Таниши нав байни Аҳмадинажод ва маҷлиси Эрон


Тасмими раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҷиҳати дар 4 вазоратхона муттаҳид кардани 8 вазорати кунунӣ боиси таниши нави давлати ӯ бо парлумон шудааст. Бар асоси ин қарор, ки давлат рӯзи 8 май тасвибаш кард, вазорати саноеъ ва маъодин бо вазорати тиҷорат, вазорати манзилу рушди шаҳрҳо бо вазорати нақлиёт, вазорати иҷтимоӣ бо вазорати кор ва вазорати нафт бо вазорати энержӣ ба ҳам меоянд, ки шумори аъзои кобинаро дастикам ба 3 нафар коҳиш хоҳад дод.
Аммо раиси парлумон Алии Лориҷонӣ қарори ба ҳам овардани вазоратхонаҳоро дар ғайри сурати мувофиқати маҷлис ғайриқонунӣ хондааст. Ин таниш ба дунболи баҳси ахири Аҳмадинажод бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаист, ки қарори ӯ дар мавриди барканории вазири иттилоот Ҳайдар Муслиҳиро лағв кард. Аҳмадинажод дар посух дар тӯли беш аз як ҳафта ба кор ҳозир нашуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG