Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ҳамдастони Бин Лоден дар мақомоти Покистонро меҷӯяд


Кохи Сафед хостори муқаррар кардани робитаи бархе аз мансабдорони хадамоти кашфи Покистон бо раҳбари «Ал-Қоида» Усома бин Лоден шудааст.

Ба иттилоъи нашрияи New York Times, мақомоти ИМА аз он озурда шудаанд, ки вазорати дифоъ ва хадамоти кашфи Покистон аз ошкор кардани ному насаби баъзе мансабдорони эҳтимолан бо бин Лоден робитадошта сарпечӣ кардаанд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дирӯз бо сарбозони нерӯҳои зудамали кишвар, ки дар амалиёти маҳви раҳбари «Ал-Қоида» ширкат доштанд, мулоқот ва аз онҳо барои амалиёти муваффақ изҳори сипос кард.

Усома бин Лоден шаби 2 май бар асари амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботбоди Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG