Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 қурбонии селобҳои шадиди 5-ӯми май дар Тоҷикистон


5-ӯми май дар натиҷаи бориши боронҳои шадид дар баъзе аз қисматҳои Тоҷикистон селоб ҷорӣ шуд ва 3 нафар дар ин селобҳо ҷон бохт. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба радиои Озодӣ хабар дод. Дар деҳаи Майдапатаи ноҳияи Фархор ду бародар Фазлиддини 18-сола ва Фахриддини 16-сола ва дар деҳаи Шингаки Шӯрои деҳоти Хурмии ноҳияи Панҷакент Гулсара Хоҷаеваи 16 сола қурбони селоб шудаанд. Танҳо ҷасади Фазлиддини 18-соларо дар Фархор пайдо кардаанд. Дустмурод Забиров-сухангӯи кумитаи мазкур ба радиои Озодӣ гуфт:

“Ҷасади Мирзоев Фазлиддин дарёфт гардида, ҷустуҷӯи ҷасади мирзоев Фахриддин идома дорад”.

Бориши борони шадиди 5-ӯми май хисороти молӣ низ ба бор овардааст. Ноҳияҳои Фархору Панҷакент, Ҷиргатолу Панҷ ва Ҳисор осеб дидаанд. Хисороти ворида ҳисоб мешавад.
XS
SM
MD
LG