Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба пояи Ground Zero гулчанбар гузошт


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама қатли Усома бин Лодин бо гузоштани гулчанбар дар маҳалли ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню Йорк қайд кард. Вай ба издиҳоми ҷамъомада, ки аз пайвандони қурбониёни тахриби бурҷҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат иборат буд, гуфт, “вақте мо мегӯем, ки ҳаргиз он рӯйдодҳоро фаромӯш намекунем, мо ончиро дар назар дорем, ки мегӯем.”

“Ман хостам ба ин ҷо биёям ва аз шумо ташаккур кунам. Ин як маҳалли рамзии қурбонии бузургест, ки он рӯз дар қариб даҳ сол пеш додем.”

Боздиди раисиҷумҳури Амрико аз «Граунд Зеро», номи машҳури ин маҳал, ба муносибати қатли Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида баргузор гашт, ки ҳамлаҳои 11-уми сентябрро тарҳрезӣ карда буд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо дар Ню Йорк, Вошингтон ва Пенсилвания наздик ба 3000 нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG