Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостори ҳабси шарики Магнитский шудааст


Додгоҳи Маскав ба ҳабси мудири Бунёди сармоягузориҳои ғарбии Русия Иван Черкасов, ки ҳоло дар Лондон зиндагӣ мекунад, дастур додааст. ИН дастур дар ҳоле дода мешавад, ки шарики Черкасов, Сергей Магнитский дар маҳбас, дар интизори муҳокима фавтидааст. Додситонҳои рус бар инанд, ки Черкасов аз 74 миллион даромади ширкат дар соли 2006 андоз надодааст. Магнитский низ бо ҳамин иттиҳом маҳбус буд, аммо ба иллати беморие, ки ба он расидагӣ нашудааст, дар моҳи ноябри соли 2009 фавтид
XS
SM
MD
LG