Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 нафар бар асари тирборони бандари Мисурата


Бар асари аз сӯи нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ тирборон шудани бандари шаҳри Мисурата дасти кам панҷ нафар кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба шӯришиён хабар дод.

Мисурата ягона шаҳр дар ғарби Либия аст, ки таҳти назорати шӯришиён қарор дорад. Нерӯҳои ҳукуматӣ ду моҳ боз талош доранд, ки мухолифинро аз ин шаҳр берун кунанд.

Таъминоти сокинони шаҳр бо молу маводи зарурӣ аз тариқи бандари шаҳр сурат мегирад.

Дар набардҳо барои Мисурата аллакай садҳо нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG