Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гелонӣ хостори кӯмак дар мубориза бо терроризм шуд


Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба кишвараш дар мубориза бо терроризм фаъолтар кӯмак намояд.

Зимни суханронӣ дар Порис ӯ гуфт, ки "дар мубориза бо терроризм ба мо пуштибонии байнулмилалӣ зарур аст, зеро ин мушкили на танҳо Покистон, балки кулли минтақа ва ҳама олам аст". Нахуствазири Покистон афзуд, "хадамоти кашфи мо бо бисёр кишварҳо, ба шумули ИМА ҳамкорӣ мекунанд ва агар касе иштибоҳи моро ошкор мекунад, ин маънои онро дорад, ки он иштибоҳи умумист".

Баъд аз ҳалокати раҳбари “Ал-Қоида” Усома бин Лоден бар асари амалиёти вижаи амрикоиҳо дар Покистон, мақомоти ИМА аз он изҳори ҳайрат карданд, ки чӣ гуна бин Лоден тавонистааст муддати тулонӣ дар шаҳраки Абботобод панаҳ барад.

Ахиран Салмон Башир, вазири умури хориҷии Покистон, шакку шубҳаҳо дар мавриди эътимод ба Исломобод дар мубориза бо терроризмро бепояву бунёд хонд.
XS
SM
MD
LG