Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмаи Евронест бидуни Беларус ба кор шурӯъ кард


Имрӯз дар Бруссел нахустин ҷаласаи порламони Аврупо дар чаҳорчӯбаи Ҳамкории Шарқ ё Евронест баргузор шуд. Дар он намояндагони порламонҳои Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Молдова ва Украина ширкат карданд. Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки ба таври муваққат ширкати Беларус дар Евронестро боздорад. Чунин тасмим ба нишонаи эътироз алайҳи режими Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури ин кишвар гирифта шудааст, ки тазоҳуроти мухолифонро хашинона саркӯб кард. Дар ҷаласаи имрӯз дар Бруссел тасмим гирифта шуд, ки Кристиан Вигенин-узви Маҷмаи порламонӣ аз Булғористон якҷо бо Борис Тарасюк-узви ҳайати Украина дар Евронест ҳамраис бошанд. Дар ҷаласа Ержӣ Бузек-раиси порламони Аврупо ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG