Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дания як чеченитаборро ба терроризм маҳкум мекунад


Додситонии Дания Лорз Дукаев-шаҳрванди чеченитаборро ба терроризм муттаҳам кард. Бино ба хабарҳо, Дукаев дар меҳмонсарое дар Копенгаген хостааст як бами номаӣ дуруст кунад ва ба рӯзномае бифиристад, ки акси танзомези Муҳаммад-паёмбари исломро чоп карда буд. Дукаев муштзани чеченитабори Русия аст ва ҳоло дар Белгия иқомат мекунад. Вай ҳангоми сохтани бами номаӣ дар меҳмонсаро каме осеб дидааст. Каси дигар зарар надидааст. Агар Дукаев муҷрим шинохта шавад, тибқи қонунҳои Дания 16 сол маҳкум ба ҳабс хоҳад шуд. Мурофиаи додгоҳӣ 16-ӯми май шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG