Додгоҳи Беларус ду нафар аз фаъолони мухолифони давлатро ба авбошӣ муттаҳам кардааст, вале коршиносон бар ин ақидаанд, ки парванди онҳо ангезаи сисёӣ дорад. Змитсер Дашкевич-раҳбари Ҷабҳаи Ҷавонон ва Эдуард Лобау-узви яке дигар аз ҷунбишҳои сабти ном нашудаи мухолифон ду сол ва чаҳор сол маҳкум ба зиндон шуданд. Аз сӯи дигар, ба Алес Михалевич-номзади пешини мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи 19-ӯми декабр дар ҷумҳурии Чех паноҳандагии сиёсӣ дода шуд.