Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои амниятии Сурия алайҳи тазоҳургарон дар шаҳри Даръо дастикам 15 нафар кушта шуданд. Дастикам 6 нафар дар ҳамлаи субҳи дирӯз дар масҷиди Умарии Даръо ҷон бохта, 9 тани дигар дар давоми рӯз дар маркази шаҳр сари тир шудаанд. Дар Даръо мардум бо талаби ислоҳот ва озодиҳои сиёсӣ эътироз мекунад, вале ҳалокати тазоҳургарон дар масҷид боиси ба хунрезӣ печидани даргириҳои байни нирӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон шуд.