Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1256 боздошти сиёсӣ дар Эрон дар як соли охир


Намоишҳои рӯзи 1 март дар Ҳамбурги Олмон бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар Эрон
Намоишҳои рӯзи 1 март дар Ҳамбурги Олмон бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар Эрон
Эрон тайи 12 моҳи охир 1256 нафарро бо ҷурми ширкат дар эътирозҳо ваё изҳори ақидаи сиёсӣ зиндонӣ кардааст. Омори нашркардаи Хонаи ҳуқуқи башари Эрон, ки дар хориҷ амал мекунад, ҳокист, ки як бахши аъзами ин зиндониёнро донишҷӯёну фаъолони курду туркман, хабарнигорону блогнависон ва ҳомиёни ҳуқуқи зан ташкил медиҳанд. Муҷтабо Саминажод, намояндаи ин созмон ба Радиои Фардо гуфт, бештари боздоштҳо дар Теҳрон – маркази эътирозҳои ахир – сурат гирифтаанд. Аммо ӯ афзуд, ҳатто ин омор низ исми тамоми маҳбусони сиёсӣ дар Эронро дар бар намегирад ва шумори воқеъии онҳо метавонад хеле бештар бошад.
XS
SM
MD
LG