Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қимати транзиташро боло бурдааст


Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аз 20 март таъруфаи транзитиашро барои вагонҳо 15 дарсад ва барои контейнерҳо 74 дарсад боло бурдааст. Соли гузашта Узбакистон қимати транзити вагонҳои Тоҷикистон аз қаламравашро 20 фоиз афзоиш дод ва гуфта мешавад, ин иқдоми Душанбе дар посух ба тасмими Тошканд аст. Тамоми роҳҳои оҳани Тоҷикистон аз ҳудуди Узбакистон мегузаранд ва ин дар ҳолест, ки он кишвар фақат барои интиқоли молу коло ба вилояти Фарғона аз як қисмати роҳи оҳане, ки аз вилояти Суғди Тоҷикистон мегузарад, истифода мекунад. Душанбе соли гузашта Тошкандро ба боздошти ҳадафмандонаи ҳазорон вагонаш айбдор карда, хисороти молии ин иқдомро миллионҳо доллар баровард карда буд. Тоҷикистон ба ин далел ба СММ ва САҲА низ шикоят бурда буд.
XS
SM
MD
LG