Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср райпурсӣ барои тағирот дар Қонун идома дорад


Имрӯз дар Миср райпурсӣ барои ворид овардани тағирот дар Қонуни Асосии ин кишвар идома дорад. Райпурсӣ дар ҳоле анҷом мегирад, ки Ҳуснӣ Муборак зери фишори тазоҳуроти эътирозии мардум моҳи феврал аз мақом канорагирӣ кард. Шӯрои Низомӣ, ки баъд аз Ҳуснӣ Муборак идораи умури ин кишварро дар даст дорад, аз мардум хостааст, ки дар райпурсӣ ба таври фаъол ширкат кунанд, зеро он дар оянда фазои муносиби баргузории интихоботи демократии порламонӣ ва раёсати ҷумҳуриро фароҳам меорад. Гурӯҳи Ихвон ул Муслимин, ки дар миёни аҳолӣ ҷонибдорони зиёд дорад, гуфтааст, ки аз тағирот дар Қонуни Асосӣ ҷонибдорӣ мекунад, вале ҳомиёни демократия дар Миср, аз ҷумла ҷонибдорони Муҳаммад Бародеӣ-барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел ва раиси пешини Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ мегӯянд, ки онҳо ба ҷонибдорӣ аз ин тағирот рай нахоҳанд дод, зеро ин тағирот заминаҳои анҷоми ислоҳоти кофии сиёсӣ дар Мисрро фароҳам намеорад.
XS
SM
MD
LG