Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари як зиндони Қазоқистон аз кор ронданд


Дар Қазоқистон сардори як зиндони низомаш шадидро ба далоили саҳлангорӣ дар кор аз мақомаш барканор кардаанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Сергей Громченко, сардори зиндони низомаш шадид дар вилояти шимолии Қустанай рӯзи чаҳоршанбе аз мақомаш сабукдӯш шуд. Гузориш мешавад, ки дар зиндони мазкур моҷарое рӯй додааст ва барои фурӯ нишондани он артишро сафарбар кардаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ пайваста аз давлати Қазоқистон хостаанд, шароити нигаҳдории зиндониёнро беҳтар карда ва ба бадрафторӣ бо онҳо хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG