Гузоришҳои расида аз Покистон ҳокист, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар минтақаи қабиланишини Покистон дар шимоли Вазиристони ин кишвар дастикам 24 нафар кушта шудаанд. Нируҳои амниятӣ мегӯянд, чанд мушак ба қароргоҳи Толибон дар Катта Хел бархӯрдааст. Ин минтақа ба марзи Афғонистон наздик аст. Ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар манотиқи қабиланишини Покистон ҳамвора амалиёт анҷом медиҳанд. Дар ин манотиқ афроди Толибон ва Ал Қоида паноҳ бурдаанд ва гаҳ-гоҳе бар зидди нируҳои НАТО дар Афғонистон ҳамлаҳои фаромарзӣ анҷом медиҳанд.