Мақомоти иктишофии Покистон мегӯянд, ҳамлаи мушакии Амрико мунҷар ба ҳалокати 5 нафар дар як минтақаи наздик ба марзи Афғонистон шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин ҳамла имрӯз дар устони Вазиристони шимолӣ рух дод. Амрико алайҳи пойгоҳҳои Ал-Қоида ва Толибон дар шимолуғарби Покистон пайваста аз ҳамлаҳои мушакӣ тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин истифода мебарад. Рӯзи душанбе чунин як ҳамла дар ин минтақа се ҷангиро кушта ба ҷо гузошт.