Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон аз Мисру Тунис боздид мекунад


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико имрӯз ба Миср сафар мекунад, то бо раҳбарони ин кишвар баъд аз суқати Ҳуснӣ Муборак гуфтугӯ кунад. Интизор меравад, ки хонум Клинтон аз онҳо бихоҳад, ки дар Миср ислоҳоти демократӣ анҷом диҳанд. Вай ҳамчунин бо фаъолони тазоҳуроти эътирозӣ, ки дар натиҷаи он Ҳуснӣ Муборак барканрор шуд, дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Рӯзи чаҳоршанбе хонум Клинтон дар идомаи боздидаш вориди Тунис мешавад. Вазири корҳои хориҷии Амрико аз Порис ба Қоҳира парвоз мекунад.
XS
SM
MD
LG