Асозода мегӯяд: “дар ин миён садҳо китобҳои нодири миллати тоҷик, ки ба хати форсӣ иншо шуда буданд, нобуд гардонида шуданд ва миқдори ками онро бо тарсу ларз аз насл ба насл нигоҳ доштанд. Дар миёни онҳо ҳоло ҳам китобҳои нодир ва омӯзанда зиёд аст”.
Барои мисол кормандони осорхонаҳои Кӯлоб қадимтарин нусхаи “Ҳидояи Шариф”, китоби фиқҳӣ ҳанафиро пайдо намудаанд. Ин китоб, ки дар асрҳои 14-15-и милодӣ иншо шудааст, дар дасти як сокини Кӯлоб нигаҳдорӣ мешудааст.
Ба гуфтаи Асозода, ҳангоми муқоисаи нусхаҳои он собит шудааст, ки ин комилтарин нусха буда ва дар он далелҳои собиткунанда вуҷуд дорад. Нусхаҳои дигаре, ки то ҳол дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ба гуфтаи ӯ тағйирёфта ба назар мерасанд.
Ҳотам Асозода гуфт: “Мо миёни сокинони навоҳии Кӯлоб гаштем ва ба ҳамаи нусхаҳои нодири ин китобу дастхатҳо шинос гашта, онҳоро рӯйхат кардем. Ин рӯйхатро ба Вазорати фарҳанг пешниҳод намудем. Ҳоло Вазорати фарҳанг барои харидории ин китобу дастхатҳои нодир барои мо маблағ ҷудо кардааст, ки кормандони мо ба харидорӣ ва ҷамъоварии онҳо шурӯъ хоҳанд кард.”
Масъулин мегӯянд, барои аввалин бор аст, ки чунин маблағ барои харидории нусхаҳои китобҳои нодир ҷудо карда мешавад.
Холмад Сафаров, таърихшиноси тоҷик мегӯяд, замони шӯравӣ ҳам комиссияи махсусе барои ҷамъоварии китобҳои нодир амал мекард, вале мардум омодаи ҳамкорӣ бо он набуданд.
“Дар солҳои 30-уми асри гузашта хонаҳоро кофтукоб мекарданд ва дар сурати пайдо шудани китоби бо хати арабиасос иншо шуда, соҳибашро мулло гуфта ҳабс мекарданд. Ин кор тақрибан то солҳои 80-ум давом дошт ва тарси он пас аз итиқлолият ҳам дар дили мардум вуҷуд дошт”.
Феълан дар осорхонаҳои Кӯлоб наздики 2 ҳазор дастхату китобҳои нодир нигаҳдорӣ мешавад.
Шарҳҳоро бинед (5)
Боз кардани шарҳи бештар