Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Ӯзбакистон алайҳи гурӯҳи "кӯдакфурӯш"


Додгоҳи Ӯзбакистон, шаш нафар узви як гурӯҳро бо гуноҳи фурӯши навзодон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Хабаргузории “Интерфакс” мегӯяд, аъзои ин гурӯҳ дар зойишгоҳҳои Тошканд фаъолият бурда ва духтаронеро ба доми худ меандохтанд, ки қасди даст кашидан аз фарзанди навзоди худро доштаанд. Онҳо сипас навзодонро аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба волидони бефарзанд дода ва дар иваз то се ҳазор доллар пул мегирифтаанд. Додгоҳи Тошканд барои ин гурӯҳ, ки раҳбараш як ҳуқуқшинос будааст, аз 7 то 10 сол ҷазо муқаррар кардаст.
XS
SM
MD
LG