Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай НАТО-ро дар қатли мардуми мулкӣ айбдор кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай нирӯҳои НАТО-ро дар қатли беш аз 50 нафари мулкӣ дар ҷараёни амалиётҳо дар шарқи ин кишвар айбдор кард. Ин изҳороти Карзай ба дунболи изҳороти волии Кунар Фазлуллоҳ Ваҳидист, ки гуфт, нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико 63 нафар, бо шумули афроди мулкӣ ва ҳатто занону кӯдаконро ба ҳалокат расондаанд. Дирӯз НАТО гуфт, ин иддаои мақомоти афғонро таҳқиқ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG