Додситонҳои Милан расман ҷиҳати муҳокимаи парвандае, ки дар он сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ба алоқаи ҷинсӣ бо як фоҳишаи ноболиғ ва сӯъиистифода аз мақом ба хотири бастани ин ҷанҷол айбдор мешавад, дархост карданд. Ин дархост имрӯз ба додгоҳ ироа шуд. Қозӣ ба дунбол бояд тасмим бигирад, ки алайҳи Берлусконии 74-сола айбнома эълон кунад ё на. Берлусконӣ ин иттиҳомотро рад мекунад.