Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умаров масъулияти таркиши "Домодедово"-ро ба дӯш гирифт


Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чесен, масъулияти таркиши маргталабона дар фурудгоҳи "Дододедово"-и шаҳри Маскавро бар дӯш гирифт. Ӯ дар сомонаи "Кавказ-сентр" паёми видеоие гузошта дар он таъкид кардааст, ки "иншоолоҳ, ин амалиётҳои вижа дар оянда ҳам доир карда мешаванд".

Бар асари таркиши маргталабона дар фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Маскав, ки рӯзи 24 январ рӯӣ дод, 36 нафар, аз ҷумла, 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд. Айни ҳол дар бемористонҳо 60 нафар аз маҷрӯҳон дар ин ҳамла боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG