Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон имрӯз гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ ҳеҷ интихобе ба ғайр аз музокирот бо Эрон бар сари барномаҳои атомии ин кишвар надоранд. Ӯ ишора кард, ки Эрон омода аст, музокирот бо гурӯҳи панҷ бар иловаи якро аз сар бигирад, ки ин музокирот аз моҳи октябри соли 2009 ба бунбаст ворид шудааст. Маҳмуди Аҳмадинажод афзуд, ин музокирот бояд аз мавзеъи адолат ва эҳтиром бошад: “Гуфтед мехоҳед, гуфтӯгу кунед. Бисёр хуб. Аммо гуфтӯгу аз мавзеъи адолат, аз мавзеъи эҳтиром. Биёед бинишинем гуфтӯгу кунем.” Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин бора зимни суханронӣ дар шаҳри Ардабил сухан гуфт. Ба гурӯҳи 5 бар иловаи 1 Амрико, Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва Олмон шомиланд. Созмони Милал се маротиба алайҳи барномаҳои атомии Эрон таҳримоти байналмилалӣ эъмол кардааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад, иддаъое, ки пайваста Эрон рад кардааст.