Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори Мирзохӯҷа Аҳмадов дар пайи ҳамла ба манзилаш


Мақомоти Тоҷикистон ҳамла ба манзили фармондеҳи собиқи мухолифин дар ноҳияи Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро тасдиқ кардаанд. Телевизиони давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки аз манзили Аҳмадов 6 мил мусалсал, 3 гулӯлаандоз ва теъдоди зиёди муҳимоти ҷангиву маводи мунфаҷира кашфу забт шудааст. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот 5 тан аз тарафдорони Аҳмадовро ба ҳалокат расондаанд. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи мусаллаҳеро, ки рӯзи 19 сентябр дар дараи Камароб ба корвони нирӯҳои артиши давлатӣ шабехун зад, худи Мирзохӯҷа Аҳмадов раҳбарӣ мекардааст.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, бино ба хабарҳо, фирор кардааст. Ӯ як рӯз қабл ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти таъқиботӣ ҷонибдорони ӯро ба домани гурӯҳҳои ошӯбгар тела медиҳад.
XS
SM
MD
LG