Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи санаи интихоботи раёсати ҷумҳур дар Белорус


Ҷумҳурии Белорус, рӯзи 19 декабр интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад кард. Раъйгирӣ дар мавриди интихобот рӯзи сешанбе дар порлумони Белорус баргузор шуд. Интизор меравад, ки Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 то кунун раиси ҷумҳури Белорус аст, барои даври чаҳоруми раёсати ҷумҳур номзадиашро пешниҳод кунад. Даври феълии раёсати ҷумҳурии ӯ моҳи апрел ба поён мерасад, вале Васил Байко, вакили порлумон гуфтааст, пештар баргузор кардани интихобот ба хотири беҳтар сурат гирифтани он аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, бад шудани муносиботи Ҷумҳурии Белорус бо Русия, талошҳои Александр Лукашенко барои пирӯзии комилро мушкил хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG