Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи маҳкумияти қасд барои сӯхтани Қуръон


Як калисои мавҳум дар Амрико мегӯяд, аз қасди хеш барои сӯзондани китоби Қуръон дар рӯзи нӯҳумин солгарди ҳамлаҳои терористиии 11 сентябр ба Иёлоти Муттаҳида даст накашидааст, бо вуҷуди он ки ҳукумат ва низомиёни Амрико, пешвоёни мазҳабҳои гуногуни ҷаҳон ин гуна амалкадро маҳкум кардаанд. Террӣ Ҷонс, рӯҳонии як калисои кӯчак дар аёлати Флоридаи Амрико, гуфтааст, нигарониҳои ҳукумати Амрикоро дарк мекунад, ки дар сурати сӯхтани Қуръон, хатар ба ҷони сарбозони Амрико дар хориҷ аз кишвар меафзояд, вале ишора кардааст, ки калисо аз ин кор даст намекашад. Ҳукумат ва фармондеҳони олирутбаи Амрико ва НАТО аз калисо хостаанд, то Қуръонро насӯзонад, зеро ин хатар ба ҷони нерӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон ва дигар ҷойҳоро бештар хоҳад кард. Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷаи Амрико дирӯз амали мазкурро беэҳтиромӣ ва нангин хонд. Филип Кровлӣ сухангӯи вазорат онро иғвоангезӣ номид: "Ба андешаи ман, ин як иғвоангезӣ аст. Беҳурматӣ аст. Амалкарди таҳаммулнопазирона ва тафриқангез аст. Мо огаҳ ҳастем, ки садоҳо дар ин маврид баланд шуда ва идеяеро, ки ин рӯҳонӣ ва ҷамоаи ӯро рад карданд." Пешвоёни масеҳӣ ва яҳудӣ қасди сӯзонидани Қуръонро ҳамла ба озодиҳои мазҳабӣ ва таҳаммулнопазирии динӣ хондаанд. Ватикан гуфт, ин "як ҳаракати бисёр бад ва ошуфтакунанда" хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG