Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз шаҳри Душанбе ба Хоруғ, дар даромадгоҳи ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, мошинаш ба дарёи Панҷ рафтааст. Гуфта мешавад, аъзои хонаводаи Мирзонабот низ дар дохили мошин будаанд.
Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллӣ аст ва рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дар Душанбе ширкат дошт.
Се манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса ҳангоми бозгашти ӯ ва хонаводааш аз Душанбе ба Хоруғ дар мавзеи Яхчи Сор рух додааст.
Ба гуфтаи як сокини маҳаллӣ, феълан маъмурони наҷот Алишер Мирзонабот ва наздиконашро қад-қади дарёи Панҷ ҷустуҷӯ доранд.
Мақомот дар бораи ин ҳодиса расман чизе намегӯянд.
Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.
Ӯро дар ҳукумати Тоҷикистон барои ба истилоҳ “ҷорӣ кардани тартибот дар вилояти Бадахшон” тавсиф мекунанд, аммо баъзе аз сокинон ӯро ба саркӯби даҳҳо озодандеш муттаҳам медонанд.
Дар давраи роҳбарии Алишер Мирзонабот соли 2022 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди саркӯби эътирози сокинон шуд.
Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ҳангоми саркӯби норозиён дар Хоруғу Рӯшон дар моҳи майи соли 2022 ҳудуди чиҳил нафар кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан ҳодисаҳои Бадахшонро "амалиёти зиддитеррористӣ" номиданд, вале Human Rights Watch гуфт, "ходимони пулис ва кормандони дигари қудратӣ даст ба кушторҳои худсарона ва поймолкунини ҳуқуқи одамон зада, ҳеч яке аз онҳо ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд".
Гуфтугӯ