Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз як соли ҳодисаҳои хунин. Сафари Раҳмон ба ВМКБ чӣ тафовут дошт? ВИДЕО


Cафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ баъд аз як соли ҳодисаҳои хунин дар Рӯшону Хоруғ сурат гирифт
Cафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ баъд аз як соли ҳодисаҳои хунин дар Рӯшону Хоруғ сурат гирифт

Чораҳои шадиди амниятӣ; шаҳри нимахолӣ ва лағви сафар ба Рӯшон. Баъзе аз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздиди раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро аз минтақа чунин тасвир карданд. Чизе, ки расонаҳои давлатӣ дар борааш гап намезананд.

Хусусияти сафар

Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақша аз 15 то 18-уми августи имсол чанд гӯшаи Бадахшон, аз ҷумла шаҳри Хоруғро дид. Сафари ӯ аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт ва сипас дар Ванҷу Роштқалъа ва маркази вилоят идома кард.

Вай чун ҳамеша иншоотеро кушод ва ба истифода дод, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва ё сармояҳои давлатӣ барои кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва буҷетиҳо сохтаанд. Дар ҳар ноҳия бо сокинони, ба гуфтаи мақомот, “фаъол”, ки бештар аз раиси ҷумҳурӣ ва намояндагони ҳукумат ситоиш мекарданд, низ вохӯрд.

Дар назари аввал сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ бисёр муҳим буд, чун пас аз як соли ҳодисаҳои хунин дар Рӯшону Хоруғ сурат гирифт. Ҳангоми саркӯби эътирози сокинон дар моҳи май ва июни соли 2022 камаш 34 нафар кушта ва даҳҳо кас боздошту ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шуданд.

Як сол боз дар бораи боздошт, таъқиб ё маҷбурӣ аз хориҷа ба Тоҷикистон овардан ва муҳокима кардани зодагони ВМКБ низ хабар мерасад. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо Душанберо барои сиёсати саркӯбгаронааш нисбат ба сокинони Бадахшон танқид карда, амалан акси садое нагирифтаанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ чӣ фарқ дошт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Чанде аз сокинони вилоят рӯзи 21-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба минтақа ба таври гуногун тафсир карданд.

“Пештар фақат як гуруҳ аз мардум шояд омадани ӯро хуш надоштанд, вале аксарият самимона пешвоз мегирифтанд. Имсол дар Хоруғ, Рӯшон ва ноҳияи Роштқалъа рӯҳияи ягона ҳоким буд. Сабабаш ҳодисаҳои хунини соли гузашта ва давлатӣ шудани баъзе аз иншооти вобаста ба Бунёди Оқохон аст,” -- гуфт як рӯзноманигор аз Хоруғ.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, “дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, ки дар ҳодисаҳои охир зиён надиданд ва бо кӯшиши вазири саноат вохӯрӣ тибқи анъана хуб гузашт. Аммо чораҳои сахти бехатарӣ баёнгари он буданд, ки аз амнияти президент сахт хавотир буданд.”

Вай афзуд, як рӯз пеш аз расидани президент тамоми идораву дӯкону бозор ва роҳҳоро дар Хоруғ бастаанд: “Дар шаҳр овоза паҳн шуд, ки занони Рӯшон қасд доранд бо либоси сиёҳ ба пешвози ӯ бароянд ва норозигии худро иброз кунанд. Намедонам, ҳақиқат буд ё не, аммо сафари ӯ ба ноҳияи Рӯшон бекор шуд.”

Тарс ё вазъи саломатӣ?

Як манбаи огоҳ дар ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарусадоро дар бораи нақшаи намоиши эътирозӣ дар Рӯшон рад кард. Ба гуфтаи ӯ, сафари раисҷумҳур ба чанд мавзеъ “ба далели вазъи саломатиаш” бекор шудааст.

“Раиси ҷумҳурӣ бояд нуҳ ҷойро медид, вале ҳамагӣ ба чор ҷой рафт. Иншооти боқимондаро ба ҷойи ӯ аъзои ҳайат аз Душанбе кушоданд. Дар умум сафари ӯ оромона гузашт. Хавфи он буд, ки дар Роштқалъа ё дар Хоруғ ба сабаби ҳодисаҳои соле пеш ҳангоми мулоқот бо фаъолон ҳолати ғайричашмдошт ба вуқуъ биояд, аммо ҳеч кадоме аз ин сурат нагирифт, ҳамааш зери назорат буд,” – афзуд манбаъ.

Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ овозаҳоро дар бораи лағви сафари Эмомалӣ Раҳмон ба баъзе гӯшаҳо шарҳ намедиҳад. Дар ин муддат дар сомонаи мақомоти маҳаллӣ аз ифтитоҳи чанд иншоот бо иштироки раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода хабар доданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз дастовардҳои ҳукуматаш дар рушди ВМКБ дар 30 соли охир гап зад. Ӯ гуфт, то кунун 23 миллиард сомонӣ сарф карданд, ки 5,7 миллиард сомонӣ аз буҷети давлат аст ва асри 21-ро садсолаи рушду пешрафти вилоят номид.

Иштирокдорони вохӯрӣ бо президент Раҳмон мегӯянд, ӯ боре ба ҳодисаҳои соли гузашта ишора накард. Вохӯрӣ бо фаъолон тавассути шабакаҳои давлатии телевизионӣ пас аз таҳрир нашру пахш шуд, на дар шакли зинда, тавре ки солҳои пеш ҷараён мегирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG