Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадя ба мардум бо пули мардум. "Хайр"-и Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби кист?


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Ибораи “туҳфаи президент” чунон дар фарҳанги таблиғоти давлатӣ серистифода шудааст, ки амалан мавриди шубҳа қарор намегирад. Мунтақидони ҳукумат ин корзорро таблиғи раиси ҷумҳур аз ҳисоби буҷаи давлат медонанд, аммо доираҳои наздик ба ҳукумат роҳи ҳалли мушкилҳо мепиндоранд.

Хабаргузории расмии “Ховар” рӯзи 13-уми март аз додани 30 автобус ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ хабар дод. Ин иқдом дар доираи “Барномаи давлатии рушди нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025” амалӣ шудааст. Дар хабар гуфта шудааст, ин тасмим бо дастури президент Раҳмон гирифта шуд.

Акс аз сомонаҳои расмӣ
Акс аз сомонаҳои расмӣ

Ниҳодҳои давлатии ВМКБ аз он ба унвони “иқдоми хайрхоҳонаи раиси ҷумҳур” ёд карда, автобусҳоро бо рақсу шодӣ истиқбол ва аз раиси ҷумҳур бо қироати шеърҳо қадрдонӣ карданд.

“Дар доираи ғамхории навбатӣ ва дар арафаи ҷашни байнулмилалии Наврӯз туҳфаи роҳбарияти олии кишвар иборат аз 26 автобуси замонавӣ ва ду мошини ёрии таъҷилӣ ба шаҳри Хоруғ расид”, - гуфта шудааст дар саҳифаи расмии ҳукумати Бадахшон.

Дар аксҳо дида мешавад, ки дар автобусҳо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Гуфта нашудааст, ки ин автобусҳо аз кадом буҷа ва дар доираи кадом барнома харида шудаанд. Ин танҳо бахше аз “тӯҳфаҳои президент” аст, ки таблиғоти ҳукуматӣ аз он хабар медиҳад.

Тӯҳфаҳои сиёсӣ

Танҳо бо сар задан ба торнамои расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҷустуҷӯи вожаи “тӯҳфа” хонандаро бо даҳҳо хабари расмӣ дар мавриди “тӯҳфа аз президент” рӯ ба рӯ мекунад. Аз хонаҳо барои мақомоти интизомӣ ва истихборотӣ гирифта, то биноҳои корӣ барои ниҳодҳои давлатӣ, тӯҳфа барои ятимон ва тақдими китоби “Тоҷикон”.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бознашри китоби “Тоҷикон”-ро дар паёми соли 2019 баён кард ва дастур дод ба таври ройгон ба ҳар хонавода тақдим гардад. Барои нашри ин 1 миллиону 600 ҳазор нусхаи он аз буҷаи давлат 136 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки “Нашриёти муосир” вобаста ба ширкати “Фароз”, мутааллиқ ба домоди президент Шамсулло Соҳибов, ғолиби тендери нашри китоби “Тоҷикон” эълон шудааст.

Нашриёт барои иҷроӣ кардани ин тендер 13,5 миллион доллар дарёфт кардааст. Аммо ин на ба тендер ва на ба тӯҳфа, ки ҳамчунон аз номи раиси ҷумҳур тавзеъ мешаванд, ҳеч таъсир надошт.

“Ҳама огоҳанд, аммо сокитанд”

Фарҳод Худоёров, ҳуқуқдон ва фаъоли ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадафи ин иқдом додани имтиёзи сиёсии бештар ба раиси ҷумҳур аст.

“Раиси ҷумҳур аз сӯи мардум интихоб шуда, аз буҷаи давлат, ки пули андозсупорандагон аст, маош мегирад. Чунин таблиғот қобили қабул нест ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҷиноят маҳсуб мешавад,” -- мегӯяд Худоёров.

Фарҳод Худоёров
Фарҳод Худоёров

Ба гуфтаи ӯ, агар мардум ва тӯдаҳо ба ин таблиғ бовар кунанд, қишри фарҳангӣ ва пешрави ҷомеа ҳама чизро медонанд. Бо вуҷуди ин, сиёсатгарони кишвар барои ибрози воқеъятҳо монеатарошӣ мекунанд.

“Интиқоди ҳама намуди мавзуъҳои марбут ба раиси ҷумҳур ва мақомоти дигар метавонад, пайомадҳои ғайричашмдоштро ба ҳамроҳ дошта бошад. Мо аз таҷрибаҳои охир медонем, ки даҳҳо хабарнигор ва садҳо дигарандеши мунтақид паси панҷара рафатанд”, - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Фонди захиравии президент

Иқдоми хайрхоҳонаи раиси ҷумҳур пайваста ҳангоми ҳолатҳои изтирорӣ ва сафар ба ноҳияҳо ба фонди захиравии ӯ низ рабт дода мешаванд. Тибқи қонун “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 2 дарсади буҷаи давлатӣ ба фонди захиравии президент ихтисос ва бо супориши ӯ тақсим мешавад. Аз ҷумла, ба навиштаи расонаҳои давлатӣ, маблағи ин фонд барои корҳои хайрхоҳона, тарҳҳои иҷтимоӣ, гузаронидани озмунҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ масраф мешаванд.

Бо афзоиши буҷаи давлат, фонди захиравии раиси ҷумҳур низ бештар мешавад. Тибқи иттилои марбут ба буҷа, соли 2023 ба фонди раиси ҷумҳур 495 миллион сомонӣ ворез мешавад, ки 57 миллион сомонӣ аз соли гузашта бештар аст.

Саидҷаъфар Усмонзода, намояндаи порлумон ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки фонди раиси ҷумҳур дар назди порлумон ҳисобдеҳ нест. “Раиси ҷумҳур ба ҷойҳои гуногун меравад, ба мардум кумак мекунад. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар пайдо кардани маблағ мушкилӣ эҷод мешавад. Президент мебинад, ки идораҳо корҳоро ба таври лозимӣ иҷро намекунанд ва ӯ ҳақ дорад, ки масъаларо дар ҷояш ҳал кунад ва ба порлумон ҳисобот надиҳад”, - гуфта буд роҳбари демократҳои Тоҷикистон.

Кумаки таъйиншуда?

Темур Варқӣ, рӯзноманигори мухолиф, ба тавзеи ғайришаффофи ёриҳои башардӯстона тамаркуз мекунад, ки ҳамасола Тоҷикистон дарёфт мекунад. Ӯ аз ҷумла ба кумаки башардӯстонаи Чин дар замони бемории ҳамагири COVID-19 ишора мекунад, ки аз номи “Avesta group”, ширкате, ки онро мутааллиқ ба ашхоси наздик ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва писари президент медонанд, тақсим шуд.

Темур Варқӣ
Темур Варқӣ

“...Метарсам, ки ходимони феълии мардум ва мубаллиғони онҳо намедонанд, ки ибораҳои “кумаки башардӯстона”, “тӯҳфа”, “ғамхории навбатии нав” чӣ қадар хандаоваранд”. Ба ин тартиб, таблиғот нишон медиҳад, ки касе дар боло масъулияти худро иҷро карда наметавонад ва ин хайрхоҳ дар ҷое ҷудо аз Тоҷикистон қарор дорад. Ин хидмати хирсонаи таблиғот аст, ки мардумро саргарм нигоҳ медорад ва ба таври рӯшан эътироф мекунад, ки ҳукумат ва “асосгузори сулҳ” мисли Бобои барфӣ дар як фазои мувозии ҷудогона арзи ҳастӣ мекунад ва бо ин мардуму кишвар пайванде надорад,” -- мегӯяд Темур Варқӣ.

Як мақоми пешини ҳукумати Тоҷикистон ба шарти фош нашудани номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт тӯҳфа аз раиси ҷумҳур як воқеияти айнӣ аст, ки бояд дарк кард.

“Албатта, метавон дар бораи демократия ва шаффофияти буҷа ҳарф зад, аммо дар шароити мо қудрати мутлақ дар дасти раиси ҷумҳур қабза шудааст. Аз ин рӯ, амалан тамоми тасмимҳои ӯро ба фоидаи ин ё он мушкил метавон тӯҳфа шумурд, чун ӯ метавонад чунин тасмимро нагирад,” -- мегӯяд ин мақоми пешин.

Танҳо дар 10 моҳи соли 2022 Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаи бесобиқаеро муодили 120 миллион доллар дарёфт кард. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар ин давра аз 59 кишвари ҷаҳон ба кишвар кумаки башардӯстона ворид шудааст.

Ҳарчанд мақомот гузоришҳои вобаста ба дуздӣ ва фурӯши кумакҳоро рад мекунанд, аксҳое аз фурӯш ва тавзеи ношаффоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG