Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева ба ҷануби Қирғизистон сафар мекунад


Раисиҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева, қарор аст, имрӯз аз шаҳри Уш, дар ҷануби кишвар, ки зимни хушунатҳои байниқавмии моҳи гузашта дар он зиёда аз 300 нафар кушта шуданд, дидан кунад. Сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки мухолифат ба вуруди полиси байнулмилал ба ин минтақа ба авҷи хеш мерасад. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба ирсоли 52 корманди бесилоҳи полис аз кишварҳои узваш ба ҷануби Қирғизистон ризоият додааст. Ҳукумати Қирғизистон ба ин тарҳ мувофиқ аст, аммо садҳо нафар аз қирғизҳо рӯзҳои гузашта ба эътироз аз он тазоҳурот карданд. Онҳо мегӯянд, ҳифзи эътидол бояд дар дӯши мақомоти маҳаллӣ бошад.
XS
SM
MD
LG