Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Евразес дар Остона шурӯъ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Остона, нишасти сарони кишварҳои Евразес ва ё Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад, ки ба он Тоҷикистону Қазоқистон, Русияву Қирғизистон, Украина, Ҷумҳурии Белорус ва Арманистон шомиланд. Буҷаи соли ояндаи созмон ва таъсиси Додгоҳи ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё ба ҷойи Додгоҳи гумрукӣ дастури кори ин нишаст будааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар нишасти мазкур ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин имрӯз ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ дар Остона баргузор мешавад, ки ба он Русияву Белорус ва Қазоқистон шомиланд. Интизор меравад, ки имрӯз Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия бо Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон, муноқишаҳои хунини моҳи гузашта дар ҷануби ин кишварро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG