Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди махфии Туркия ва Исроил барои тармими равобит


Туркия ва Исроил дар гуфтушунидҳои махфӣ хостори тармими равобит шудаанд. Барои ин вазирони ду тараф ба таври пинҳонӣ дар Бруссел мулоқот карданд. Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури хориҷии Туркия, дар ин дидор аз нав шартҳои Туркия ба миён гузошта шуданд. Бино бар онҳо, пеш аз ҳама Исроил бояд барои ҳамлаи нерӯҳояш ба киштиҳои ҳомили ёрии башардӯстона барои Ғазза ва ҳалокати 9 фаъоли ҳуқуқи башари Туркия узрхоҳӣ кунад ва ба таҳқиқи байнулмилалии воқеа ризоият диҳад. Ин нахустин мулоқоти сатҳи баланди тарафҳо баъд аз ҳамла ба киштиҳои Туркия дар 31-уми май буд.
XS
SM
MD
LG