Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW хостори интиқоли полисҳо ба Қирғизистон шуд


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) даъват кард, ки ҳайати вижаи кормандони полисро ба ҷануби Қирғизистон фиристад. Дар изҳороти ин созмон гуфта шудааст, ҳарчанд раъйпурсӣ оид ба Қонуни асосии нави Қирғистон дар вазъи ором гузашт, бисёр мушкилоти марбут ба хуруҷи хушунат дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мондаанд.
Ҳукумати муваққати Қирғизистон ҳафтаи гузашта аз САҲА дархости фиристодани нерӯҳои махсуси полис карда буд. САҲА мехоҳад, ки ба минтақаи низоъ 120 корманди полиси бесилоҳ ва ваколаташон маҳдудро фиристад. Human Rights Watch ин кумаки САҲА-ро нокофӣ ва дершуда мехонад. Мавзӯъи интиқоли ҳайати махсуси полис ба Қирғизистон имрӯз дар нишасти Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG