Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори ифшои сабабҳои резиши нафт ба об шуд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико зимни паёми телевизионии худ ба мардуми Амрико изҳор дошт, ки вай маратория ё манъи шашмоҳаи кашидани нафт аз обҳои Амрико дар Халиҷи Мексикаро аз миён нахоҳад бардошт, агар сабабҳои резиши нафт ба об дар чоҳи нафти Бритиш Петролиуми Британия маълум нашавад. Вай гуфт, медонад, ки чунин мамнуият барои коргарони он душворӣ пеш меорад ва онҳо корашонро аз даст медиҳанд. Вале барои амнияти ояндаи онҳо ва сарнавишти тамоми минтақа мо бояд донем, ки сабаби мушкилӣ дар чоҳи нафт чӣ будааст. Резиши нафт ба обҳои минтақа ба чанд аёлати Амрико зарари зиёд овардааст ва ба ҳаёт дар ин иёлот асар гузоштааст.
XS
SM
MD
LG