Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин вазъи сиёсии Молдоваро "ноором" номидааст


Сарвазири Молдова Влад Филат мегӯяд, ҳадафи ишораи ҳамтои русаш Владимир Путинро ба нооромии сиёсӣ дар Молдова нафаҳмидааст. Филат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз мулоқот бо Путин дар ҳошияи нишасти сарони Ҷомеаи муштаракулманофеъ дар Петербург, сарвазири Русия дар мусоҳиба бо телевизион вазъ дар Молдоваро ноором номид ва ҳатто онро бо вазъият дар Қирғизистон монанд кард. Аммо Путин илова кардааст, ки бо вуҷуди ин вазъ дар Молдова ба андозаи Қирғизистон бад нест. Филат мегӯяд, дар гуфтугӯи як ба як Путин ба ҳеҷ яке аз чунин масъалаҳо ишора накардааст. Дар интихоботи ахир порлумонии Молдова як эътилофи ғарбгаро пирӯз шудааст, аммо порлумон то ҳол наметавонад, президенти нави кишварро интихоб кунад.
XS
SM
MD
LG