Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 206 мавриди фасод ошкор шудааст


Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 206 мавриди ҷиноёти марбут ба фасодро ошкор кардаааст. Раиси ин ниҳод Фаттоҳ Саидов гуфт, аз ин шумор 63 мавридаш ба сирқати амволи давлатӣ ва 33 мавриди дигар марбут ба ришвахорӣ будааст.
Оқои Саидов гуфт, имсол парвандаи 68 масъули давлатӣ барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шуда, 258 мансабдорро ба масъулияти интизомиву молӣ кашонидаанд.
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон 3 сол пеш таъсис ёфт, вале мунтақидон фаъолияти онро номуассир хонда, мегӯянд, Тоҷикистон ҳамчунон дар радифи фасодзадатарин кишварҳои дунё боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG