Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи кӯмаки молӣ ба Юнони гирифтори бӯҳрон


Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи наҷоти молии Юнонро баррасӣ карда ва гуфтанд, омодаанд, ба ин кишвар кӯмак кунанд. Айни замон аз Юнон хостанд, то барои коҳиши хароҷоти буҷаи давлат тадобири қотеъонаро идома диҳад. Ҳукумати Юнон умедвор аст, аз кишварҳои ҳавзаи пули евро, 40 миллиард ва аз Сандуқи Байналмилалии Пул тақрибан 13,3 миллиард доллар қарз дарёфт мекунад. Олӣ Рейн, як мақоми баландпояи Кумиссиёни Аврупо гуфт, бовар дорад, ки ин қарзҳо то авоили моҳи май ба Юнон дода мешавад, зеро “бӯҳрони Юнон метавонад,барои суботи молӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ва дар тамоми ҷаҳон” мушкилот эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG