Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Караҷич аз сар гирифта шуд


Мурофиаи раҳбари собиқи сербҳои Буснӣ Радован Караҷич дар додгоҳи Ҳейг имрӯз аз сар гирифта шуд. Додгоҳи СММ имрӯз шаҳодати Аҳмад Зулич, яке аз асирони мусалмони тасодуфан зиндамондаи қароргоҳи Манясаро хоҳад шунид. Интизор меравад, Зулич дар бораи чигуна бо дасти нирӯҳои серб поккории қавмӣ шудани шаҳри ӯ ва ҷабран ба як қароргоҳ рондани аҳолии мусалмони Маняса сӯҳбат кунад.
Мурофиаи Караҷич аз моҳи октябр мутаваққиф шуда буд. Додгоҳи Ҳейг Караҷичро ба 11 ҷиноят, аз ҷумла қатли омм ва ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мекунад. Як мавриди зидди ӯ қатли омми 7 000 сокини мусалмони Сребренитса дар соли 1995 аст.
XS
SM
MD
LG